Дар Амрико ремдезивир барои муолиҷаи коронавирус иҷоза дода шуд

Идораи мавсум бо номи Маъмурияти ғизову доруворӣ (FDA) дар Амрико иҷоза дод, ки доруи ремдезивир барои муолиҷаи коронавируси нав истифода шавад. Ин дору бо номи шартии “Веклури” аз 22-юми октябр ба ин сӯ дар ИМА ба истифода иҷоза дода шудааст. Стефен Ҳан, як раҳбари FDA гуфт, ки идора омӯзиши роҳҳои табобати COVID-19-ро идома хоҳад дод. Ӯ гуфт, ки иҷозаи истифодаи ремдизивир баъди санҷидани он дар бисёр муассисаҳои тиббӣ ва ҳам бар пояи хулосаҳои донишмандону олимон имконпазир шуд. Ремдизивир аз роҳи сӯзандору ба беморони бистарӣ дода мешавад  ва ин то ҳол ягона доруест, ки аз ҷониби FDA дар ИМА расман барои табобати вируси ҳамагир машварат дода шудааст. То ҳол дар Аврупову Канада муваққатан истифодаи ин доруро дар муолиҷаи COVID-19 иҷоза дода буданд. Президенти ИМА Доналд Трамп, ки оғози моҳи  октябр ба коронавирус гирифтор шуд, бо ҳамин дору ва маводи дигари тиббӣ муолиҷа гирифт. Яке аз хусусиятҳои ремдизивир ин аст, ки мӯҳлати муолиҷаро аз тахминан 15 рӯз то 10 рӯз кам мекунад. Ин дору бори аввал барои муолиҷаи бемории “Эбола” коркард шуда буд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.