Дар Амрико талафоти рӯзона аз СОVID-19 зиёд шуд

Дар Амрико талафоти якрӯза аз бемории COVID-19 3054 нафарро ташкил дод, ки рақами рекордии нав аст. Айни замон мақомот талош доранд, ба истифодаи ваксинаҳои нав ба зидди беморӣ иҷоза бидиҳанд ва ваксинзанӣ оғоз ёбад. Интизор меравад, ки мақомоти Амрико ваксинаи офаридаи ширкатҳои Пфайзер- Бионтек барои истифода иҷоза бидиҳанд.

Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, аввал пиронсолон ва кормандони муассисаҳои табобатӣ ваксина бигиранд, вале айни замон вирус дар баёни тамоми қишрҳо васеъ паҳн мешавад. Бо вуҷуди густариши сироят, бисёре аз амрикоиҳо майл надоранд, ки ваксинаи мазкурро бигиранд, зеро нигаронанд, ваксинае, ки дар муддати кутоҳ омода шудааст, бехатар набошад.

Бо талоши кишварҳо барои ваксин задани мардум Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз он ҳушдор дод, ки кишварҳои алоҳида бештар дар фикри худ ҳастанд. Дар як нишасти онлайнии Иттиҳоди Африқо рӯзи 9-уми декабр гуфт, ки кишварҳои пешрафта барои ваксинзанӣ омодагӣ мегиранд ва кишварҳои дар ҳоли рушд дар андешаи он ҳастанд, ки ваксина мегиранд ва ё не.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.