Дар Арманистон ҳолати ҷангӣ бекор шуд

Аъзои парлумони Арманистон дар остонаи интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумонии моҳи июн ба хатми ҳолати ҷангӣ дар кишвар доданд. Ин қонун моҳи сентябри порсол баъди оғози ҷанг бо Озарбойҷон бар сари  минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ ҷорӣ шуд. Низое, ки 27-уми сентябр сар заду шаш ҳафта идома кард, 10-уми ноябр бо имзои як созиши оташбас бо миёнҷигии Русия анҷомид. Дар ин муддат ҳазорҳо сарбоз аз ҳарду тараф кушта шуданд. Ҳафтаи гузашта нахуствазири Арманистон Никол Пашинян розӣ шуд, ки дар ин кишвар интихоботи пеш аз мӯҳлат баргузор шавад. Ин тадбири ночор буд, чун баъди имзои созиши оташбас Пашинян ва ҳукуматаш мавриди интиқоди шадиди ҷомеаи Арманистон қарор гирифтанд ва вазъи сиёсӣ дар кишвар бӯҳронӣ шуд. Барои бекор кардани вазъияти ҷангӣ дар кишвар аз 132 вакили парлумон 118 нафарашон овоз доданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.