Дар Арманистон аз таркиши газ як нафар ба ҳалокат расид

Мақомот дар Арманистон гуфтанд, ки дар натиҷаи ихроҷи газ дар яке аз хонаҳои истиқоматии Ереван рӯзи 26 август дастикам як нафар кушта ва ду нафар бо ҷароҳатҳо ба беморхона интиқол ёфтанд.  Таркиш соати 7 субҳ рух дод ва ба бинои 12-табақаи воқеъ дар ноҳияи Канакер-Зейтун осеби зиёд расонид. Соати 1-и нисфирӯзӣ наҷотбахшон ҷасади марди 58-сола ва бо ҷалби даҳҳо нафари дигар, ду сокини маҷрӯҳшудаи дигарро аз зери овор берун оварданд. Як нафари онҳо дар ҳолати сангин қарор дорад. Наҷотбахшон тавонистанд, ки 21 нафарро бидуни осеб  раҳо бикунанд. Аз макони ҳодиса ва саҳнаи ёрӣ ба ин мардум нахуствазир Никол Пашинян дидан кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.