Дар Баҳри Барентс ҷустуҷуи 17 маллоҳи бенишоншуда идома дорад

Мақомоти Русия мегӯянд, дар натиҷаи ғарқ шудани як қаиқи моҳигирӣ дар Баҳри Барентс 17 маллоҳи он бенишон шудаанд. Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия рӯзи 28-уми декабр гуфт, “соати 7:30 рӯз хабар расид, ки киштии Онега дар Баҳри Барентс дар наздикии Замини нав дар вилояти Архангелск ғарқ шудааст.

Дар киштӣ 17 маллоҳ буд, ду нафарро наҷот доданд.” Ба гуфтаи вазорат, ҷустуҷӯи бенишоншудагон идома дорад. Хабаргузории ТАСС навиштааст, ки мақомот барои ҷустуҷуву наҷоти зиндамондагон 5 киштиро фиристодаанд. Ду нафаре, ки зинда мондаанд, дар тан либоси эминӣ аз оби сард доштаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.