Дар Бадахшон ғаввосон наҷот додани ғарқшудагонро амалан машқ карданд

ДУШАНБЕ, 28.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  барои  ғаввосон ва наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси амалӣ дар об баргузор шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҷараёни тамрин ҳамаи зинаҳои баргузории корҳои садамавию наҷот, аз ҷумла расидани наҷотдиҳандагон ба макони ҳодиса, пӯшидани сару либоси ғаввосӣ, вориди об шудан ва талош барои наҷоти ғарқшудаи шартӣ машқ карда шуд.

Дар тамрин истгоҳи хурди  ғаввосии вокуниши сареъ истифода шуд. Ин истгоҳи хурд алоқаи дуҷониба бо ғаввосонро ҳангоми кор таъмин мекунад ва имкон медиҳад, ки дар мавриди рӯйдодҳои зери об иттилои сареъ ва дақиқро сари вақт дарёфт кунанд ва дар ҳоли пеш омадани ҳодисаи пешгӯинашаванда ба ғаввос ёрии амалӣ расонанд.

Ғаввосони КҲФ ҳамзамон иҷрои амалиёти зиёди муҳандисиву техникӣ, наҷотдиҳиву интиқолӣ ва ғайраро тамрин карда,  омӯхтанд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.