Дар бархӯрди киштиҳои ҷопониву русӣ се маллоҳи Ҷопон даргузаштанд

Мақомот дар Ҷопон гуфтанд, ки се маллоҳи киштии шикори харчанг дар натиҷаи бархӯрд бо як киштии Русия дар обҳои баҳри Охотски ҷазираи шимолии Ҳоккайдо даргузаштанд. Киштии ҷопонӣ  ба ҳангоми бархӯрд бо киштии русӣ чаппа шудааст. Катсунобу Като, сухангӯи ҳукумати Ҷопон рӯзи 26-уми май гуфт, баъди ин ҳодиса маллоҳони рус ҳамаи сарнишинони киштии ҷопониро аз об наҷот доданд, вале се нафари онҳо аллакай мурда буданд. Киштии азими шикори харчанги русӣ 662 тонна вазн дошта, дар ҷазираи Сахалин сабтином шудааст ва кораш аз интиқоли харчанг ба соҳилҳои Ҷопон иборат буд.

Мақомоти Ҷопон ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.   

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.