Дар Беларус беш аз 20 манзили журналистону фаъолон кофтукоб шуд

Нирӯҳои амниятии Беларус хонаҳои беш аз бист журналист ва фаъоли ҳуқуқро дар саросари кишвар кофтукоб карданд. Ин амали онҳоро Иттиҳоди Аврупо, мухолифони Беларус ва ҳомиёни ҳуқуқ ҳамчун як маъракаи ҳадафмандонаи пахши садои мустақил дар пасманзари идомаи эътирозҳо аз Александр Лукашенко ва интихоботи тақаллубшудаи президентии соли 2020 маҳкум карданд. Полис ва амниятиҳо рӯзи 16 феврал 25 манзилро дар Минску дигар шаҳрҳои Беларус  кофтукоб карданд. Ба иттилои маркази ҳуқуқи башари “Весна”, қароргоҳи Анҷумани журналистони Беларус ҳам кофтукоб шуд. Гузоришҳо мегӯяд, ки беш аз 30 нафарро барои кӯтоҳмуддат дастгир карданд ва дигарҳо дар боздошт мемонанд. Дар изҳороте мақомоти Беларус гуфтанд, ки ҷустуҷӯҳо ба таҳқиқи, ба гуфтаашон, маблағгузории эътирозҳо аз ҷониби “созмонҳое рабт дорад, ки худро ҳамчун ҳомии ҳуқуқи инсон” муаррифӣ мекунанд. Раҳбари мухолифон Светлана Тихановская гуфт, ки рейдҳои шурӯъшуда баёнгари як “бӯҳрон” дар ҳукумат аст. Ӯ тавассути Телеграм-канал гуфт, “режим ба хотири ҳифзи қудрат онҳоеро фишор меорад, ки аз ҳуқуқи инсон ҳимоят мекунанд. То замоне, ки чунин идома меёбад, тамоми сокинони Беларус дар хатар ҳастанд”.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.