Дар Беларус даҳҳо нафар, аз ҷумла журналистон боздошт шуданд

Дар рӯзи 19-уми коршиканиҳову эътирозҳо аз натиҷаҳои интихоботи президентии Беларус мақомот дар шаҳри Минск даҳҳо эътирозгар ва журналистонро боздошт карданд. Дар маҷмӯъ 35 хабарнигоре, ки эътирозҳои мардумиро пайгирӣ мекарданд, боздошт шуданд. Маркази ҳуқуқи башари “Весна” гуфт, шоми 27 август дар майдони Озодии Минск, замоне, ки ба пӯшиши хабарии эътирозҳои мардумӣ бо даъват ба истеъфои президент Александр Лукашенко омодагӣ медиданд, 17 журналист боздошт шуданд.  Вазорати дохилӣ гуфт, ки журналистонро савори минибусе мехостанд ба идораи полис бурда, парвонаи кори онҳо дар Беларусро бисанҷанд. Дар миёни боздоштшудаҳо аксбардори Радиои Озодӣ Владимир Гридин ва журналистони расонаҳои мисли  TUT.BY, BelaPAN, Belsat, TASS,  Associated Press ва дигар расонаҳо буданд. Аксари онҳо баъдан озод шуданд. Тахминан як ҳазор эътирозгар, ки мехост ба сӯи майдони Озодӣ ҳаракат кунад, аз ҷониби полис пароканда шуда, беш аз 260 нафари онҳо, аз ҷумла 18 журналист боздошт шуданд. “Весна” гуфт, дар миёни журналистони боздоштшуда се хабарнигори Радиои Озодӣ – Олег Груздилович, Андрей Рабчикай ва Алес Дашунский мебошанд. ТВ “Настоящее время”-и марбут ба Радиои Озодӣ, ки бо “Садои Амрико” ҳамкорӣ мекунад, гузориш доданд, ки Роман Васюкович, хабарнигори онҳо ҳам боздошт шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.