Дар Беларус раиси як ҳизби дигари оппозитсионӣ боздошт шуд

Дар пасманзари тақозоҳо ба истеъфои раҳбари худкома Александр Лукашенко дар Беларус раҳбари як ҳизби дигари сиёсӣ бо номи Ҳизби муттаҳидаи маданӣ бо иттиҳоми номаълум боздошт шудааст. Микола (Николай) Козлов, узви Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон  рӯзи 22-юми март баъди ирсоли як паёмак ба дӯсташ нопадид шуд, ки дар он навишта шудааст: “Агар дар 15 дақиқа посух надодам, пас маро боздошт карданд”. Баъди чанд соаташ Ҳизби муттаҳидаи маданӣ дар Фейсбук навишт, ки Козловро дар  як боздоштгоҳи шаҳри Минск ҷой доданд.

Мақомоти расмӣ дар ин бора ҳанӯз ҳеҷ изҳорот ё шарҳе надодаанд, вале қаблан дар сӯҳбат бо бахши Беларусии Радиои Озодӣ Козлов гуфта буд, полис алайҳи ӯ парванда боз кардааст. Ӯ дар ин сӯҳбаташ гуфт, ки баъди даъвати ӯ ба ҳайси шоҳид барои посух додан дар бораи аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон полис ӯро дар ифшои сирри тафтишот гунаҳгор намуд. Козлов афзуд, ки ӯро дар он гунаҳгор карданд, ки нахост номаи пинҳон доштани ҷузъиёти бозпурсиро имзо кунад.

Козлов аз соли 2018 раҳбарии Ҳизби муттаҳидаи маданиро  ба ӯҳда дорад. Дар маъракаи интихоботии тобистони порсол ҳизби ӯ аз мардуми Беларус даъват кард, ки барои Лукашенко овоз надиҳанд.

Дар як муҳокимаи ҷудогона рӯзи 23-юми март дар шаҳри ғарбии Брест 14 нафар, аз ҷумла як зан барои ширкат дар “беназмиҳои оммавӣ” дар додгоҳ ҳозир шуданд. Ин нафарон барои ширкат дар раҳпаймоиҳои зидди натиҷаҳои расмии интихобот дар шаҳри Пинск, ки бо тамдиди шашсолаи мӯҳлати президентии Лукашенко анҷомид, гунаҳгор мешаванд. Дар сурати гунаҳгор эълон шудани ин нафарон, ба ҳар яки онҳо  то 8 соли зиндон таҳдид мекунад. Эътирозҳои шаҳри Пинск бахше аз раҳпаймоиҳои сартосарӣ дар Беларус мебошанд, ки ба нишони норизоият аз натиҷаҳои расмии интихоботи моҳи августи соли 2020 барпо мешаванд.

Лукашенко дар посух ба эътирозҳо аз саркӯбҳои бераҳмона кор гирифт ва бино ба ҳисобҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, дар паи ин эътирозҳо 30 ҳазор нафар боздошт шуда, садҳо нафар латукӯб ва чанд нафар кушта шуданд. Дар  миёни онҳо журналистон ҳам мебошанд.

Лукашенко, ки аз соли 1994 раҳбарии Беларусро ба ӯҳда доорад, мавриди таҳрими Ғарб қарор гирифтааст. Ғарбу Аврупо гуфтанд, ки натиҷаҳои ахири интихоботи Беларусро эътироф намекунанд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.