Дар Белорус мухолифин Идораи мардумии зиддибӯҳронӣ таъсис доданд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Дар Белорус мухолифин барои оғози гуфтушунид, ноил шудан ба субот ва интиқоли қудрат ба нирӯҳои демократӣ Идораи мардумии зиддибӯҳронӣ таъсис доданд.

  • Дар ин бора 28 октябр узви Раёсати Шӯрои ҳамоҳангсоз, сиёсатмадор Павел Латушко дар канали телеграммии худ хабар дод.
  • “Дар ҳоле, ки Шӯрои ҳамоҳангсоз ба манзури баргузории гуфтушунид таъсис дода шудааст, Идораи мардумии зиддибӯҳронӣ ниҳодест, ки ба масоили оғози гуфтушунид, таъмини субот дар кишвар ва интиқоли қудрат ба нирӯҳои демократӣ машғул хоҳад шуд”- гуфта мешавад дар баёния.
  • Изофа бар ин таъкид мегардад, ки Идораи мардумии зиддибӯҳронӣ” ҳамчунин вазифаҳоеро , ки аз лаҳзаҳои аз мансаб рафтани собиқ раисҷумҳур то интихоботи нав ва интиқоли қудрат ба Ҳукумати нав дар пешорӯи кишвар қарор мегиранд, баррасӣ хоҳад кард”.
  • Раҳбари  Идораи мардумии зиддибӯҳроӣ узви Раёсати Шӯрои ҳамоҳангсоз Павел Латушко изҳор намуд, ки ин ниҳод бо мақсади дастгирии ситоди собиқ номзад ба мақоми раисҷумҳури Белорус Светлана Тихоновская ва Шӯрои ҳамоҳангсоз ”   барои аз байн бурдани сабабҳои бӯҳрон, дастёбӣ ба оғози музокирот, ислоҳи авзоъи иқтисодӣ, бозгардонидани ҳокимияти қонун ва амсоли инҳо пешниҳодҳои мушаххас  ироа хоҳад кард”.
  • Таркиби Идораи мардумии зиддибӯҳронии мухолифини Белорус бар ҳоли шаклгирӣ қарор дорад.
  • Қаблан, собиқ номзад ба мақоми раисҷумҳури Белорус Светлана Тихоновская мардуми кишварро пас аз ба охир расидани мӯҳлати ултиматуми мардумӣ, ки истеъфои Александр Лукашенкоро тақозо мекард, ба корпартоии сартосарӣ даъват намуд.
  • Бештар аз дуним моҳ аст, ки пас аз дар интихоботи 9 август пирӯз эълом гардидани Александр Лукашенко мардум даст ба тазоҳурот мезананд. Онҳо истеъфои Александр Лукашенко, озодии зиндониёни сиёсӣ ва баргузории интихоботи шаффоф ва демократиро талаб доранд.

 

The post Дар Белорус мухолифин Идораи мардумии зиддибӯҳронӣ таъсис доданд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.