Дар Бишкек ҷаласаи Шӯрои роҳбарони хадамоти омори давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 03.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. 3-5 сентябри соли равон дар шаҳри Бишкек ҷаласаи 60-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти омори давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Дар ҷаласа масъалаҳои асосӣ, аз қабили «Барӯйхатгирии аҳолии даври соли 2020 дар кишварҳои ИДМ: вазъи кунунӣ»; «Нақш ва мақоми хадамоти миллии омории кишварҳои ИДМ дар фазои иттилоотӣ дар бораи ҳаёти маъюбон»; «Дар бораи корҳо оид ба татбиқи Стратегияи глобалии такмил додани омори кишоварзӣ ва деҳот дар минтақаи ИДМ»; «Ташкили махзани экосистемаи рақамӣ дар Федератсияи Россия»; «Дар бораи лоиҳаи Барномаи корҳои Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ барои соли 2020»; «Ҳисобот дар бораи фаъолияти Шӯрои роҳбарони хадамоти омори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018»; «Ҳисобот дар бораи корҳои Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ дар соли 2018»; «Дар бораи раёсати Шӯрои роҳбарони хадамоти омори давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2020» баррасӣ мегарданд.

ДАР АКС: ҷаласаи 54-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти омори давлатҳои аъзои ИДМ, 15 октябри соли 2015, ш. Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои роҳбарони хадамоти омори кишварҳои узви Иттиҳод 6 феврали соли 1992 ташкил шудааст.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.