Дар Бишкек мардум ба зидди ришвахорӣ эътироз мекунанд

Дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон садҳо нафар бо раҳпаймоӣ дар маркази шаҳр аз мақомот хостанд, барои мубориза бо фасоду ришвахории густурда чора биандешанд.

Тазоҳургарон нисфирӯзии 14-уми феврал дар назди истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Бишкек ҷамъ омаданд ва сипас ба самти майдони Ала-То дар маркази шаҳр ҳаракат карданд. Онҳо дар даст шиорҳое бо ин мазмун доштанд, ки “Мо волоияти қонунро мехоҳем” ва “Мо тарафдори ояндаи дурахшонем”.

Тазоҳургарон ҳамчунин додгоҳи шаҳри Бишкекро танқид мекарданд, ки ба Раимбек Матраимов, яке аз мансабдорони собиқи Кумитаи гумруки Қирғизистон ҷазои сабук дод. Матраимов, ки аз тарафи Амрико низ танбеҳ шудааст ба интиқоли ғайриқонунии садҳо миллион доллар аз Қирғизистон муттаҳам мешавад.

Додгоҳи Бишкек, Матраимовро ба фасодкорӣ гунаҳкор донист ва 3 ҳазор доллар ҷарима баст. Раҳпаймоиро ҳаракати Баштан Башта созмон додааст. Ин ҳаракат дар гузашта низ тазоҳуроти осоиштае баргузор кардааст ва аз ҷумла тазоҳуротеро, ки ба зидди натиҷаҳои интихобот сурат гирифт ва бо истеъфои Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури собиқ анҷомид.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.