Дар бораи мо

“Кунгураи урупоии хабарнигорон ва блогнависони тоҷик” – созмони мустақили ғайритиҷоратист, ки соли 2018  ташкил шуда, моҳи марти соли 2019 сабти ном шудааст.  Мақари созмон шаҳри Варшови Лаҳистон буда, бунёди дафтари созмон дар Душанбе дар назар аст.

АҲДОФИ МО

  • Таъмини озодии баён дар муҳити расонаии тоҷикӣ
  • Тақвияти маърифати расонаӣ дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа
  • Ҳифзи ҳуқуқҳои хабарнигорон, блогнависон ва корбарони шабакаи  Интернет аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ

САМТҲОИ АСЛИИ ФАЪОЛИЯТИ МО

  • Дидабонии (мониторинги) таъмини озодии баён ва ҳуқуқи инсон ба иттилоот дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи марказӣ
  • Нашри гузоришҳои боз ва пӯшида оиди нақзи ҳуқуқи инсон ба иттилоот ва озодии баён дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи марказӣ дар сатҳи байналмиллалӣ
  • Дидабонии ахбори ҷаълӣ (фейкнюс), пропаганда ва зургӯии роёнаӣ (кибербулинг) дар бахши тоҷикии Интернет
  • Таҳияи корзорҳо ва ширкати фаъол дар корзорҳои ҷамъиятӣ  ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои хабарнигорон, блогнависон, ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ ва дигарандешон аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи марказӣ
  • Бозомӯзӣ ва ҳавасманд гардонидани рӯзноманигорон, блогнависон ва фаъолони ҷамъиятӣ

Агар ба ин аҳдоф ва арзишҳо содиқ ҳастед, ба мо бипайвандед ё кӯмаки мустақиму ғайримустақими худро дареғ надоред.

#Озодӣ_ободист! #Тоҷикистон_бидуни_сонсур!