Дар Бритониё чораҳои маҳдудкунанда сабуктар мешаванд

Қарор аст аз 29-уми март дар Инглистон чораҳои маҳдудкунандаи марбут ба пандемияи коронавирус сабуктар шаванд, вале нахуствазир Борис Ҷонсон бо ёдоварӣ аз дигар нуқоти Аврупо гуфт, ки таҳдиди шаклҳои нави коронавирус вуҷуд дорад, аз ин хотир, аҳолиро ба эҳтиёту ҳушёрӣ даъват намуд. Муқаррароти сахти хонашинӣ каме сабук шуда, ҳамакнун барои сокинон иҷоза мешавад, ки дар як маҳфил ва дар як вақт на ду нафар, балки то шаш кас ваё ду оила бо ҳам ҷамъ шаванд. Ба варзишгарони ғайрикасбӣ ҳам иҷоза дода шуд, ки дар ҳавои тоза теннису голф, баскетболу оббозӣ ташкил кунанд. Ҷонсон гуфт, ки кишвар “бояд эҳтиёро аз даст надиҳад”, чунки дар дигар қисматҳои Аврупо ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус афзоиш меёбад ва паҳншавии шакли нави вирус ба Бритониё ҳам таҳдид мекунад.

Дар Олмон садри аъзам Ангела Меркел дар як муроҷиати бисёр камназири телевизиониш рӯзи 28-уми март аз раҳбарони минтақаҳои мухталифи кишвар хост, ки ҷиддан пеши роҳи паҳншавии вирусро бигиранд. Меркел аз он интиқод кард, ки бархе мақомот дар маҳалҳо маҳдудиятро риоя кардан намехоҳанд ва иқтисодҳои худро якбора боз карда, боиси афзоиши ҳолатҳои олудагии босуръат мегарданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.