Дар Булғористон интихоботи порлумонӣ оғоз шуд

Дар Булғористон, ки аз тазоҳуроти оммавӣ ба зидди ҳукумат ва нахуствазир Бойко Борисов тақрибан як сол мегузарад, интихоботи порлумонӣ оғоз ёфт. Ҳизби Шаҳрвандон Барои Рушди Аврупоии Булғористон ба раҳбарии Бойко Борисов, ки як даҳсола боз ҳукумат мекунад, саъй дорад, раҳбари қудратро дар дасташ нигаҳ дорад.

Назарсанҷиҳо нишон додаанд, ки ҳизби мазкур шояд 23 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда ва пешсафи интихобот шавад. Вале ин рақам баёнгари камтар шудани нуфузу эътибори ҳукумати ҳизб аст, ки соли 2017-ум 33 дар сади раъйи мардумро ба даст овард ва натиҷаи бадтарин пас аз соли 2009 ба ҳисоб меравад.

Барои таъсиси ҳукумат ва нахуствазир мондани Бойко Борисов ба Ҳизби Шаҳрвандон Барои Рушди Аврупоии Булғористон зарур мешавад, ки бо аҳзоби дигари хурд эътилоф ташкил диҳад. Бойко Борисови 61-сола аз соли 2009 то кунун дар Булғористон сиёсатҳои худро пеш мебарад, вале соли гузашта бинобар иттиҳомоти фасодкорӣ ва амалкардҳои нокофӣ барои муқобила бо коронавирус обрӯяш дар байни мардум камтар шуд. Тобистони соли гузашта даҳҳо ҳазор нафар ба зидди ӯ дар кӯчаҳои София пойтахт ва дигар шаҳрҳои Булғористон эътироз карданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.