Дар чанд корманди СММ дар Душанбе аломатҳои СОVID ташхис шудааст

Бино ба хабарҳои таъйидношуда дар Тоҷикистон 13 корманди муассисаҳои Созмони Милал дар Тоҷикистон бо нишонаҳои бемории СОVID-19 бемори бистарӣ шудаанд.

Як манбаи муътамад дар Дафтари ҳамоҳангсози кишварии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар Душанбе рӯзи 20-ум май ба Радиои Озодӣ гуфт, 13 нафар аз кормандони барномаҳои созмон муолиҷа мегиранд, вале нагуфт, кормандони кадоме аз барномаҳои СММ дар Тоҷикистон ҳастанд. Аммо дар тамосҳои телефонӣ дар ин идора гуфтанд, ки дар бора маълумоте надоранд, чун бисёре аз кормандон аз хона кор мекунанд.

Як манбаъ аз ин муассиса ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ташхиси тиббӣ бемор будани ин афродро собит кардааст. Ин манбаъ “Ба мо танҳо шумораи гирифторонро пешниҳод мекунанд, вале  ному насабашонро зикр намекунанд.” Ҳоло маълум нест, ки беморон аз ҷумлаи кормандони маҳаллӣ ҳастанд ва ё хориҷиён.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, се корманди дафтари ЮНИСЕФ (Бунёди Ҳимоят аз Кӯдакони Созмони Милал) дар Тоҷикистон бо нишонаҳои илтиҳоби шуш бистарӣ карда шудаанд ва ин созмон баъзе аз кормандони худро ба кори фосилавӣ фиристодааст. Ҳадди ақал ду корманди ЮНИСЕФ дар Душанбе бо шарти зикр нашудани ном ба Радиои Озодӣ гуфтанд, рӯзи 17-уми май дар ҷаласаи намояндагии созмон ин хабар расонда шуд. 

Намояндагии ЮНИСЕФ дар посух ба Радиои Озодӣ навиштанд, дар миёни кормандонашон, ягон нафар ба илтиҳоби шуш гирифтор нашудааст ва ҳеч касро ҳам бистарӣ накардаанд.  Намояндагони Идораи тандурустии вилояти Суғд рӯзи 19-уми май тасдиқ карданд, ки дар як ҳафтаи охир 4 нафарро дар робита бо коронавирус ва 15 каси дигарро бо аломатҳои илтиҳоби шуш зери назорат доранд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз моҳи январ то кунун эълон мекунад, ки дар кишвар ягон мавриди сирояти коронавируси нав сабт нашудааст. Мақомот мегӯянд, то моҳи январ вирус ба 13 ҳазору 308 сироят карда, 90 нафарро куштааст, аммо омори воқеиро бештар аз ин медонанд. То кунун беш аз 70 ҳазор кас дар Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.