Дар Чин 21 иширокчии ултрамарафон аз сармо фавтиданд

Дар Чин рӯзи шанбеи 22-юми май бистуяк иштирокчии ултрамарафон фавтиданд. Дар масире, ки онҳо сабқат мекарданд, вазъи ҳаво якбора бад шуд.

Марафони 100-километра аз минтақаҳои куҳии вилояти Гансу, шимолу ғарби Чин мегузашт. Ширкатдорони марафон дар рӯзи офтобӣ ба дав шуруъ карданд ва либоси тунук дар бар доштанд. Баъди чанд соати шуруи дав дар куҳҳо вазъи ҳаво якбора тағйир ёфт. Дамои ҳаво ба 6 дараҷаи гармӣ пойин омад ва шамолу барони сард шуруъ шуд.

Марафон қатъ гардида, наҷотдиҳандагон ба суроғи варзишкорон баромаданд. Дар ин дав дар маҷмуъ 172 кас ширкат дошт. Субҳи рӯзи якшанбе 151 кас наҷот дода шуда, ҷасади 21 каси дигар пайдо гардид.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёриҳо мақомоти шаҳри Байини Чинро дар ин фоҷиа айбдор мекунанд. Мақомдорон аз сокинон узр хостанд. Пешгӯиҳои ҳавосанҷӣ аз пастшавии дамои ҳаво ва борон хабар дода буданд, аммо шамол ва шиддати борон ғайримунтазира буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.