Дар Чингдау 9 миллион нафар аз тести ҳамагонии коронавирус мегузарад

Дар паи гузоришҳои нав дар бораи хуруҷи коронавирус, мақомот дар шаҳри бандарии Чингдау дар шарқи Чин ният доранд то охири ҳафтаи ҷорӣ 9 миллион сокини маҳаллиро аз санҷиши коронавирус гузаронанд. Ин нахустин мавриди хуруҷи вируси нав дар ду моҳи охир мебошад. Барномаи тестии ҳамагонӣ дар ин минтақа дар ҳоле ҷорӣ мешавад, ки баъди моҳи декабри порсол ошкор шудани вируси нав дар Вуҳани Чин ва чандин моҳи муқобила бо паҳншавии он, дар кишвар ҳодисаҳои олудагӣ ба вирус шадидан коҳиш ёфт ва мақомот аз моҳи август мегуфтанд, ки ҳодисаҳои дар дохили кишвар аз ҳамдигар олуда шудани сокинон ба қайд гирифта намешавад. Вале мутахассисон дар нисбати шеваи ошкоркунии вирус нигоҳи интиқодӣ доранд. Рӯзи 12-уми октябр мақомот дар Чингдау гуфтанд, ки 12 ҳодисаи нави олудашавӣ ошкор шуда, зоҳиран аз беморони бистаришуда дар беморхона паҳн шудааст. Баъди ин беморхона баста шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.