Дар Данияву Олмон беш аз 10 нафар бо гумони талоши ташкили ҳамлаи террористӣ боздошт шуданд

 Дар ду кишвари аврупоӣ – Дания ва Олмон бо гумони даст доштан дар талоши ҳамлаи террористӣ  бо истифода аз маводи тарканда ва оташафрӯз беш аз 10 нафар боздошт шуд. Дар ин бора рӯзи 12 феврал хабар доданд. Мақомот гуфтанд, ки дар натиҷаи амалиёти муштараки Данияву Олмон,  баъди боздоштҳои шанбеву якшанбеи гузашта, шаш нафари дигар тоза дастгир шуданд. Гумонбаршудаҳо, ки ҳафт нафарашон шаҳрвандони Сурия мебошанд, гӯё дар таҳияи силоҳу бомба иштирок кардаанд. Ҷузъиёти бештари ин қазия махфӣ мемонад. Дар хоки ҳарду кишвар – ҳам Дания ва ҳам Олмон, аз ҷумла дар минтақаи Дессау-Рослау, воқеъ дар миёни Намбург ва Берлин маводи машкуки кимиёӣ ошкор шудааст. Дар изҳороти рӯзи 11-уми феврали полиси Дания омадааст: “Бовар меравад, ки бархе шахсон дар Дания бо ният ва тавони анҷоми ҳамлаи террористӣ вуҷуд доранд”. Қарор аст дар ин замина хадамоти амнияти Дания нишасти матбуотӣ доир кунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.