Дар Деваштиҷ бар асари таркиши мошини ҳомили маводи сӯхт 2 кас маҷрӯҳ шуд

Бар асари садамаи як мошини ҳомили маводи сузишворӣ дар ноҳияи Деваштиҷ 2 нафар ҷароҳат бардоштааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳодиса субҳи панҷшанбеи 20-уми май дар ҳудуди деҳоти Ғазантарак дар шоҳроҳи Хуҷанд-Деваштиҷ рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, мошини “Дулан” пас аз садама таркида ва оташ гирифтааст. Сабабҳои рух додани ин ҳодиса маълум нест. Ронанда ва мусофири ӯ ба бемористони марказии ноҳияи Деваштиҷ интиқол дода шудаанд ва ба иттилои КҲФ, вазъи саломатии онҳо ҳанӯз маълум нест. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст.

Таркиши мошини маводи сӯхт дар Деваштиҷ дар ҳолест, ки рӯзи 1-уми май як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе оташ гирифт. Бар асари ин ҳодиса чанд нафар захмӣ шуда, як ҷавони 21-сола дар бемористон даргузашт.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.