Дар Доғистон пирӯзии Ҳабиб Нурмагомедовро ҷашн гирифтанд

Шаби 8-уми сентябр дар маркази Доғистон пирӯзии варзишкори шинохта Ҳабиб Нурмагомедовро ҷашн гирифтанд. Вай дар муҳорибаи бидуни қоида дар Имороти Муттаҳидаи Араб бар Дастин Поре аз Амрико пирӯз омад ва унвони қаҳрамониро дар созмони UFC ҳифз кард. Баъди ин дар кӯчаҳои Махачқалъа, маркази Доғистон ва зодгоҳи Нурмагомедов, садои “Ҳабиб – қаҳрамон!” баланд шуд ва то субҳ идома кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.