Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҷҳизоти безараркунандаи худкор ихтироъ карданд

ДУШАНБЕ, 28.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҷҳизоти безараркунандаи худкоре ихтироъ намуданд, ки ҷиҳати пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва таъмини риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар давраи мубориза бо бемории сироятии COVID-19 равона карда шудааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳи мазур хабар  доданд.

Ихтирои мазкур аз ҷониби чор нафар устодони ҷавони факултет — Хушбахт Нуриллоев, Ихтиёр Сабуров, Аъзам Саидвалиев ва Қурбон Халилов пешниҳод гардидааст. Ин таҷҳизот аллакай дар факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилооти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров насб ва мавриди истифода қарор гирифтааст.

Таҷҳизот тоза намудани дастонро бо истифода аз маҳлули  безараргардонӣ (антисептик) ба таври худкор таъмин намуда, барои пешгирӣ аз гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ аҳамияти муфид дорад.

Дар назар аст, ки ин дастгоҳи безараргардонии худкор мукаммал гардонида шуда, минбаъд дар даромадгоҳҳои тамоми биноҳои таълимии донишгоҳ насб гардад.

Таҷҳизоти мазкур нахустин ихтироъ дар донишгоҳ маҳсуб меёбад, ки дар самти таъмини беҳдошти солимӣ дар давраи мубориза бо бемории сироятии коронавирус мавриди татбиқ ва истифода қарор гирифтааст.

Дар асоси дастуру супориши Ситоди донишгоҳӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ҷиҳати ҳифз ва беҳдошти саломатии устодон ва донишҷӯён тадбирҳои муҳим ва зарурӣ роҳандозӣ шуда, биноҳои таълимӣ бо ҳамшираи шафқат,  дастгоҳи ҳароратсанҷи электронӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ, хлор, спирт, собун, ниқоби муҳофизатӣ ва дастпӯшак таъмин мебошанд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.