Дар Душанбе ҳамоиши олимон ва дорандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ доир гардид

ДУШАНБЕ, 04.09.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳамовозӣ ба Муроҷиатномаи вакилони Анҷумани 14 Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати пешбарии номзадии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатӣ  ҳамоиши олимон ва дорандагони  Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ доир гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, зимни ҳамоиш раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, раиси Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон Рустам Наботӣ, раиси Шӯрои олимони ҷавони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Гулмаҳмад Мирзозода  ва дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, номзади илмҳои сиёсӣ Лоҳутӣ Шарифзода сухан гуфта, номзади пешбаринамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро ҳамчун номзади арзандаву беназир ҷонибдорӣ намуданд.

Дар охири ҳамоиш аз номи кулли олимони ҷавон ва ҷоизадорони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ вобаста ба номзади пешбаринамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон изҳорот қабул гардида, иштирокчиёни ҳамоиш номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамовозии дастаҷамъона ҷонибдорӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 31 августи соли 2020 дар Анҷумани 14 ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамовозии амиқ номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.