Дар Душанбе машварати августии омӯзгорон доир гардид

ДУШАНБЕ, 26.08.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе баргузор гардид. Конференсияи тибқи тартиби муқараргардидаи Вазорати маориф ва илм сурат гирифта, дар он масъалаҳо вобаста ба «Натиҷагирӣ аз вазъи фаъолияти соҳа дар самти таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар соли таҳсили  2019 – 2020 ва вазифаҳо барои соли таҳсили 2020-2021 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» бо иштироки намояндаи кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм, олимону муҳақиқони соҳа, роҳбарияти сарраёсат, шуъбаҳои маориф, директорон ва мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабию умумӣ ва омӯзгорону кормандони фаъоли соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар конференсияи мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ иштирок намуданд.

Мавсума Муинӣ  зимни таҳлили  вазъи фаъолияти соҳаи маорифи пойтахт изҳор дошт, ки «Парвариш ва ташаккули шахсиятҳои босаводу соҳибмаърифат вазифаи асосӣ ва муҳимтарини мактабу маориф ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди пайвастаи мактабу маориф таваҷҷуҳи рӯзмарра зоҳир намуда, дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 чунин баён доштанд: «Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад».

«Дар пойтахт бо роҳбарӣ ва дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мунтазам ҷиҳати босифат амалӣ гардидани сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра тадбирҳои муҳим андешида шуда, доир ба ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» тадбирҳои зарурӣ татбиқ гардида истодаанд.Қабл аз ҳама, дар ин давра таҳкими заминаҳои муосири моддиву техникии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе яке аз бахшҳои афзалиятнок муқаррар гардидааст»- афзуд муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ.

Сипас дар конференсия аз ҷониби шахсони масъул ва муҳаққиқону омӯзгорони соҳибтаҷриба атрофи масъалаҳои вобаста ба соҳаи маориф маърӯзаҳои муфид  пешниҳод гардид.

Дар ҷамъбаст муроҷиатномаи иштирокчиёни конференсия қабул карда шуд. Дар фарҷоми ҳамоиш  омӯзгорон ва хонандагони фаъолу навовар ва дорои дастовардҳои назаррас бо диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.