Дар Душанбе «Паёми нур»-и олим ва шоири тоҷик Ҳасани Султон ба нашр расид

ДУШАНБЕ,  08.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни фархундаи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори оғози кори чархаи дуюми бузургтарин иншооти Тоҷикистони соҳибистиқлол – Неругоҳи барқи обии «Роғун» маҷмӯаи нави ашъори олим ва шоири тоҷик, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасани Султон бо номи «Паёми нур» аз тарафи Муассисаи нашриётии «Дониш»-и Академияи илмҳо ба нашр расид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба маҷмӯа президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ сарсухан навиштааст. Дар сурудаҳои маҷмӯа, бахусус «Машъали номус», «Маъбади Хуршед», «Армуғони бахти ширин», «Боргоҳи нури ишқ», «Арсаи мардони мард», «Ҳафт хони Рустаму Исфандиёр», «Нури ҷон», «Муждаи рӯзи нишот», «Боргоҳи ифтихор», «Ахтари иқбол», «Шуълаи имон», «Нури гулханҳои хомӯш», «Оташи ҷовид», «Аз Суруди оташкадаи Каркӯй то суруди неругоҳи Роғун», «Шаш чархаи Роғун – шаш чархаи гардун» ва ғ. аҳамияту бузургӣ ва шукӯҳу ҳашамати ин сохтмон, инчунин шуҷоату корнамоии бунёдкорони он бо беҳтарин сифатҳо тасвиру тавсиф гардидаанд. Аз ҷумла, НБО-и «Роғун» ба нақши бошукӯҳи Бесутун, ки таърихи чандҳазорсола дорад, ташбеҳ дода шудааст:

 

НОБ-и Роғун

Дар дили кӯҳ

Ҳамчу нақши бошукӯҳи Бесутун аст.

Бо хати зар

Дар ҷабинаш сабт таърихи навини Ориёно.

Дар сурудаҳои маҷмӯа ҳамчунин нақши меҳварии Пешвои муаззами миллат дар бунёди неругоҳ таъкид гардидааст:

Аё ганҷовару ганҷури Роғун,

Дарафкандӣ ба олам шӯри Роғун.

Шавад монанди Норак нурборон

Илоҳо, хонаат аз нури Роғун!

Дар маҷмӯъ, дар китоби нави шеъри Ҳасани Султон «Паёми нур» бунёди Роғун саҳфаи заррини китоби даврони Истиқлол ва пандномаи рӯзгори давлатдории нави миллӣ ба наслҳои оянда арзёбӣ шудааст.

Зиҳӣ Роғун, зиҳӣ ширин чакома,

Фузун аз қудрати тасвири хома.

Зи қавми Оли Сосон, Оли Сомон

Ба даври рӯзгорон «Панднома».

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.