Дар Эрон доштани ниқоби тиббӣ дар дохили муассисаҳо ҳатмӣ шуд

Баъди як рӯзи рекордии бақайдгирии  марги инсонҳо дар Эрон бар асари COVID-19, мақомот пӯшидани ниқоби тиббиро дар дохили муассисаҳо ҳатмӣ карданд. Президент Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи 28 июн зимни эълони ин хабар гуфт, ки ба минтақаҳои  шадидан осебдида иҷоза мешавад, ки маҳдудиятҳои сахттар ҷорӣ кунанд. Рӯҳонӣ гуфт, ки доштани ниқоб дар дохили биноҳо то 22 июл ҳатмӣ мешавад.

Аз ин пеш раҳбари олӣ Оятулло Алии Хоманеӣ ҳушдор дод, ки дар сурати беназорат мондани паҳншавии вирус мушкилоти иқтисодӣ сангинтар хоҳанд шуд. Дар саросари Эрон аз моҳи март ба ин сӯ тиҷоратҳои дуюмдараҷаву мактабҳо баста ва маъракаҳои ҷамъиятӣ бекор шудаанд, вале аз моҳи апрел ба ин сӯ ҳукумат талош дорад, ки иқтисоди осебдидаро тадриҷан боз кунад. Дар як рӯзи 27 июн дар Эрон 144 нафар аз COVID-19 ҷон дод ва ин омори рекордӣ дар як рӯз дар се моҳи охир будааст.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.