Дар Эрон як корманди сафорати Швейсария аз баландошёна афтода даргузашт

Вазорати хориҷаи Швейсария гуфт, ки як корманди он дар сафорати Эрон дар Теҳрон дар як ҳодисаи тасодуфӣ аз бинои баландошёна ба замин сарозер шуда, ҷон дод. Вазорат, ки бо нашри изҳороте аз марги дипломаташ изҳори таассуф кардааст, исм ва рутбаи ӯро фош намекунад. Вале хабаргузории “Меҳр”-и Эрон дар нақли қавл аз сухангӯи идораи умури изтирорӣ Муҷтабо Холидӣ гуфт, ки қурбонӣ котиби аввали сафорати Швейсария буд. Ҷасади ин зан, ки дар як бинои баландошёнаи маҳаллаи Комрония,  дар канораҳои шаҳри Теҳрон зиндагӣ мекард, дар назди ин бино пайдо шуд. Нахуст субҳи 4-уми май як ҳамкори ин зан гуфт, ки  ӯро пайдо карда наметавонанд ва баъди ин ҷасади  дипломатро як боғбони маҳаллӣ  пайдо кард. Холидӣ гуфт, ки сабаби сарозер шудани дипломати аврупоӣ ба замин бояд таҳқиқ шавад.  Хабаргузории нимарасмии ISNA  гуфт, ки ин дипломат 51 сол дошт.

Баъди қатъ шудани робитаҳои дипломатии миёни Эрон ва ИМА дар паи инқилоби исломии соли 1979, Швейсария дар Эрон аз манфиатҳои ИМА намояндагӣ мекунад.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.