Дар эътирозҳои Кобул “Толибон” ба ҳаво тир холӣ карданд

Дар ҷараёни эътирозҳои шаҳри Кобул алайҳи мудохилаи Покистон ба умури Афғонистон мусаллаҳони “Толибон” барои пароканда кардани мардум ба ҳаво тир холӣ карданд. Хабаргузории “Тулӯъ” чанд навори видеоӣ нашр кард, ки дар он дида мешавад, ки  дар ҳангоми эътирозҳои даҳҳо нафар дар Кобул рӯзи 7-уми сентябр садои тир ба гӯш мерасад. Иттилое дар бораи эҳтимоли осеб дидани эътирозгарон дар даст нест. Аксар эътирозгарон зан буданд ва онҳо дар назди сафорати Покистон дар Афғонистон ҷамъ шуданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.