Дар Фаронса даҳҳо cомонаҳо рахна шуданд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Дар Фаронса даҳҳо сайтҳои рахнашуда исломро ситоиш карда, аксҳои раисҷумҳури Фаронса Макронро дар сурати хук нишон медиҳанд. Шакке нест, ки ин кор вокуниш ба охирин изҳороти баҳсбарагези ӯ мебошанд. Кори дасти кӣ будани ин рахнагарӣ ҳанӯз мушаххас нашудааст. 
  • Хабаргузории фаронсавии AFP хабар медиҳад, ки даҳҳо вебсайтҳои Анҷумани бознишастагӣ, ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва ширкатҳои тиҷоратӣ дар Фаронса рахна гардиданд. Дар вебсайтҳо якҷо бо акси Макрон дар сурати хук шиорҳое пайдо шуданд, ки ба пирӯзии ислом ва Паямбар Муҳаммад ( с) ва нобудии Фаронса даъват менамуданд.
  • Коршиносони амнияти сойберии Фаронсаро рӯзи якшанбе аз мавҷи ҳамлаҳои навбатии сайберии шабеҳи соли 2015 огоҳ карда буданд. Далели ин ҳамла изҳороти раисҷумҳури Фаронса дар мавриди қатли муаллими 47 сола Самюэл Пати гардид, ки дар дарс корикатураи Паямбари исломро нишон дода буд.
  • Макрон муаллими фақидро “қаҳрамони сокит” ва ” таҷассуми ҷумҳурӣ” номид, ки аз ҷониби” тарсуҳо” кушта шуд. Ӯ таъкид кард, ки “Самуюэл Пати барои ин кушта шуд, ки исломгароҳо мехоҳанд ояндаро аз мо бигиранд, вале то он, ки чунин қаҳрамонони сокит ҳастанд, ин кор имконнопазир аст”.
  • Эмануел Макрон дар маросими ёдбуди муаллим 23 октябр гуфт, ки ислом дар як  вазъи бӯҳронӣ қарор дорад ва афзӯд, ки “мо  дар оянда аз карикатура ва наққошӣ чашмпӯшӣ нахоҳем кард”.
  • Дар вокуниш ба ин изҳороти раисҷумҳури Фаронса рӯзҳои 24 ва 25 октябр садҳо нафар тазоҳуркунандагон дар кишварҳои Ховари Миёна ба хиёбонҳо омаданд ва хашми худро изҳор намуданд.
  • Раҳбарони бархе аз кишварҳои мусалмон ҳам нисбати суханони Макрон изҳори норизоятӣ карданд. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдугон Макронро “бемор” номид ва тавсия дод, ки ” вазъи рӯҳии ӯро муоина кунанд”. Дар посух Фаронса сафири худро аз Анқара барои машварат бозхонд.
  • Ёдовар мешавем, ки 16 октябри соли равон дар Фаронса муаллим Самюэл Пати, ки ба шогирдон карикатураҳои Паямбари ислом Муҳаммадро ( с) нишон дода будааст, кушта шуд.  Ба ин куштор ҷавони 18 солаи чечентабори зодаи Маскав, ки ҳангоми боздошт аз ҷониби кормандони мақомоти амниятӣ ба қатл расид, гумонбар дониста мешавад.

The post Дар Фаронса даҳҳо cомонаҳо рахна шуданд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.