Дар гирдиҳамоиҳои Русия зиёда аз 1700 ҷонибдори Навалний боздошт шуданд

Дар намоишҳои эътирозӣ дар шаҳрҳои гуногуни Русия пулис беш аз 1700 касро боздошт кард. Ин тазоҳурот бо талаби раҳоии раҳбари зиндонии оппозисиюн Алексей ва дар ҳоле баргузор шуданд, бино бар гузоришҳо вазъи саломатии Навалний дар маҳбас бад шуда, ҳафтаи сеюми гуруснанишинии ӯ оғоз ёфтааст. Ҳамчунин намоишу раҳпаймоиҳо рӯзи 21 апрел соате пас аз паёми солонаи президенти Русия Владимир Путин аз Владивосток дар Шарқи Дур то Калининград дар соҳили Балтик шуруъ шуданд. Ба ин маърака роҳбарони Бунёди мубориза бо фасоди Навалний аз тарси он даъват карданд, ки агар ба мунаққиди Кремлин ёрии муносиби тиббӣ расонда нашавад, ба ӯ зарари “ҷуброннопазир” таҳдид хоҳад кард. Расонаи ОВД-Инфо, ки боздошти эътирозгарон ва фаъолони сиёсиро назорат мекунад, хабар дод, ки то охири шаби 21 апрел дар саросари Русия беш аз 1700 нафар боздошт шуданд ва тақрибан нисфи боздоштҳо дар Санкт-Петербург рух додаанд. Намоишҳои саросарӣ ҳамагӣ чанд рӯз пас аз он ҷараён гирифтанд, ки мақомоти Русия Бунёди зиддифасоди Навалнийро бастанд ва онро як созмони “экстремистӣ” номиданд. Шарикони Навалний ибтидо ният доштанд, ки дертар дар баҳори имсол митинг баргузор кунанд, аммо аз тарси он ки саломатии Навалний пас аз оғози гуруснанишинияш дар маҳбас бадтар мешавад ва дар ҳоле ки ӯ аз дарди шадиди пушт ва пойҳояш шикоят мекунад, аз ёрии муносиби тиббӣ маҳрум аст. “Мо бовар дорем, ки ҷони ҷаноби Навалний ҷиддан зери хатар аст”, гуфт гурӯҳи чорнафарии коршиносони мустақили ҳуқуқи башари СММ дар як баёния рӯзи 21 апрел. Шумораи эътирозгарон ин бор назар ба гирдиҳамоиҳои пешинаи ҷонибдорони Навалний дар шароити ҳузури шадиди полис камтар ба назар мерасид. Аввали рӯз дар чандин шаҳр дафтарҳои бунёди ӯро кофтукоб карданд ва бастанд ва майдонҳои асосии ҷамъомади тарафдоронаш низ баста шуданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.