Дар Хабаровск як блоггер боздошт шуд

Блогнавис Алексей Романов, ки дар шабакаи YouTube-аш ҷараёни эътирозҳо аз боздошти собиқ раиси вилоят Сергей Фургалро  дар Хабаровск пӯшиш медод, боздошт шуд. Саҳнаи боздошти ӯ ҳамчунин дар YouTube  пайдо шудааст.  Вакили дифоъ Виталий Тихта ба вебсайти «Сибирь.Реалии» гуфт, ки Романовро дар нақзи Кодекси маъмурӣ дар бораи қоидаҳои чорабиниҳои ҷамъиятӣ гунаҳкор мекунанд.  

Соли 2016 журналист ва корманди ТВ аз Хабаровск маҷбур шуд таҳти фишори мақомот Русияро тарк карда ба Гурҷистон равад.   Соли 2019 ӯ ба ватан баргашт.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.