Дар Хирманҷои ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои муҳоҷирони афғон паноҳгоҳ месозанд

Қарор аст бо кумаки Иттиҳоди Аврупо дар мавзеи Хирманҷои ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шуроободи пешин) барои паноҳандагони афғон як урдугоҳ сохта шавад. Деҳаи Хирмаҷо (Хирманҷой) дар марзи Афғонистон ҷойгир аст.

Як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои сохтани урдугоҳ, дар баробари мавзеи Хирманҷо боз ду макони дигарро ҳам интихоб кардаанд.

“Сафири Иттиҳоди Аврупо аз мавзеи, ки урдугоҳ бояд сохта шавад, дидан хоҳад кард. Пас аз ин сафар сохтани урдугоҳ дақиқ хоҳад шуд. Ҳоло ду-се мавзеъ дар ноҳияи мо мушаххас шудааст”,-гуфт ин манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин.

Пеш аз ин Иттиҳоди Аврупо эълон карда буд, ки барои кӯмак ба паноҳҷӯёни Афғонистон дар хоки Тоҷикистон 160 ҳазор евро кӯмаки башарӣ ихтисос медиҳад. Дар баёнияи ин ниҳод, ки рӯзи 14-уми сентябр нашр шуд, гуфта шуда буд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо Афғонистон ҳаммарзанд, эҳтимол дорад то 5 ҳазор фирориён аз Афғонистон паноҳ баранд.

Эълони ИА дар бораи кӯмаки башарӣ ба паноҳҷӯён дар Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки Рамазон Раҳимзода дар як мулоқоташ бо Мулугета Зевди, роҳбари намояндагии Комиссари олии Созмони Милал оид ба паноҳандагон (UNHCR) аз набуди ёриҳои байналмилалӣ барои кӯмак ба фирориёни кишвари ҳамсоя дар давоми “20 соли гузашта” шикоят карда, инро сабаби аслии дасткӯтаҳии ҳукумати Тоҷикистон дар ёрӣ ба ин қишри осебпазир номида буд.

Дар изҳороти ахири ИА аз рӯзи 14-уми сентябр гуфта мешуд, ки кӯмакҳои пулии ин ниҳод барои таъминоти ниёзи аввалия, аз ҷумла хӯрокворӣ, хайма ва ашёи рӯзгор, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти бештари фарориён дар ҳафт дидбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистон равона мешавад. Ин маблағгузорӣ як қисми саҳми умумии Иттиҳоди Аврупо ба “Фонди ҳолатҳои фавқуллода” (DREF) мебошад, ки аз ҷониби Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС) идора карда мешавад.

Раиси вилояти Хатлон ҳам дар нишасти хабарии тобистонааш гуфт, ки онҳо дар ноҳияи Ҷайҳун бо кумакҳои созмонҳои байналмилаӣ як урдгоҳ месозанд. Дар сурати сохта шудани урдугоҳ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ин дуюмин урдугоҳе дар вилояти Хатлон хоҳад буд, ки бо кумаки созмонҳои байнулмилаӣ сохта мешавад.

Дар изҳороти ИА бо такя ба UNHCR – Дафтари СММ дар умури паноҳандагон пешбинӣ шудааст, ки “то охири соли 2021 метавонад дар Тоҷикистон то 50 ҳазор гуреза сабти ном шавад”. Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак бо Афғонистон дорад.

Пас аз суқути вилоятҳои шимолӣ ба дасти Толибон, садҳо шаҳрванди Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Тоҷикистон фирор карданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.