“Дар хонаи хешу табор оббозӣ мекунем”. Сокинони Хуҷанд аз беобӣ шикоят доранд

Дар маҳаллаи 3-уми шаҳри Хуҷанд 500 хонаводаду моҳ аст, ки аз беобии тамом азият мекашанд. Ҳоло ин сокинон, ки то ду моҳ қабл бо реҷа об мехариданд, маҷбуранд аз кӯча ва маҳаллаҳои дигар ба баландошёнаҳо об кашонанд.

Гап сари 9 бинои панҷтабақае меравад, ки дар ин маҳал мавҷуданд. Александр Бакчук, як сокини бинои №15 мегӯяд, ду моҳ аст, барои тамоми масорифи зиндагӣ обро аз берун мекашонад.

Ин биноҳо дар канори минтақаи иқтисодии Суғд ҷойгиранд. Сокинони биноҳо солиёни зиёде аз ширкати “Хизматрасон-2013” обро бо реҷаи муайян мехариданд. Аммо дар ду моҳи ахир якбора фишори об хеле паст ва ҳатто қатъ шудааст.

“Пештар се соат саҳариву се соат бегоҳ об медоданд, фишораш хубтар буд, то ошёнаи 5-ум мебаромад, ҳоло паст аст, ҳатто то ошёнаи якум намебарояд. Мо маҷбур дар зарфҳо аз ҳавзҳои захиравии полезӣ, ки дар назди бино сохтаем ё аз маҳалҳои дигар об мекашонем”, -мегӯяд Бакчук.

Ширкати обрасон норасоии обро ба садҳо ҳазор қарзи мақомоти Хуҷанд ва аҳолӣ марбут медонад, ки надодаанд ва ин ширкат ҳам аз идораи шабакаҳои барқ қарздор шудааст.

Истиқоманткунандагони биноҳои ин маҳалл дар ҳоле моҳҳо бе об мондаанд, ки мегӯянд, барои ҳар як метри мукааби об 2 сомонӣ мепардозанд. Аммо маблағи истифодаи об дар дигар маҳаллаҳои Хуҷанд, ки аз сӯйи идораи “Хуҷандобуканал” хизматрасонӣ мешавад 1,20 сомонӣ будааст.

Гулсара Урунова, сокини дигар ин маҳалла низ шикоят дорад, ки моҳҳо инҷониб наметавонад  фарзандонашро бо оби гарм шустушӯй диҳад, зеро ба ҳамоми онҳо об намеояд.

“Фарзанди мактабхон дорам, маҷбур ӯро ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат барои оббозӣ ба хонаи хоҳарам барам. Фарзанди дигарам маъюб аст, ӯро имкони бардошта бурдан нест, як моҳ зиёдтар шуд, ки оббозӣ накардааст.  Дар ҳаммом обгармкунаки барқӣ дорем, вале об надорад”,- мегӯяд Урунова.

Сокинони маҳаллаи 3-уми шаҳр мегӯянд, 20 сол аст, ки  ранҷи камбуди обро мекашанд. Ба ҳукумати Хуҷанд борҳо муроҷиат кардаанд, ки  омодаанд аз ҳар хонавода 100 сомонӣ ҷамъоварӣ кунанд, то аз маҳаллаи 8-уми шаҳр лӯлаи об кашида шаваду ба низоми ягонаи “Хуҷандобуканал” пайваст шаванд. Инро онҳо ягона роҳи бо оби доимӣ таъмин шудан медонанд.

Идораи “Хуҷандобуканал” мегӯянд, тибқи як лоиҳа лӯлаи об ба маҳаллаҳои 1-2 ва 3-юм соли 2022 кашида мешавад ва баъдан хизматрасонии 9 бинои дучори мушкил ба мувозинати ин идора мегузарад.

Сообщение “Дар хонаи хешу табор оббозӣ мекунем”. Сокинони Хуҷанд аз беобӣ шикоят доранд появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.