Дар Хоруғ миёни пулис ва одамони Маҳмадбоқиров занозанӣ шудааст

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Иззат Амонро бетағйир монд

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Иззат Амон, ҳомии маҳкумшудаи муҳоҷирони тоҷикро бетағйир гузошт. Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи октябр ӯро бо гуноҳи қаллобӣ ба 9 сол зиндон маҳкум кард, вале Иззат Амон ва наздиконаш бозбинии ҳукмро талаб доштанд.

Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон, гуфт, Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти онҳоро бе ҳузури падараш рӯзи 16-уми ноябр баррасӣ кард.

“Додрас ҳукмро бетағйир гузошт. Вакили мудофеъ гуфт, ки Додгоҳи Душанбе зерҳимояашро бе далел ба 9 сол зиндон маҳкум кардааст. Дар посух гуфтанд, аз Вазорати корҳои дохилӣ маълумотнома биёред, ки нисбати Иззат Амон парвандаи дигаре кушода шудааст ё не,” — нақл кард Холов.

Мақсад аз пурсиш дар бораи парвандаи нав рӯшан нест. Наздиконаш гуфтанд, ба зидди Иззат Амон ба ҷуз аз парвандаи қаллобӣ иттиҳоми дигаре эълон нашудааст.

Дар Хоруғ миёни пулис ва одамони Маҳмадбоқиров занозанӣ шудааст

Бино ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ба сардори Раёсати кофтукоби ҷиноӣ дар вилояти Бадахшон ҳамла шудааст. Манобеъ гуфтаанд, ки ҳодиса рӯзи 14-уми ноябр дар шаҳри Хоруғ рӯй дода, пойи Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии вилоят, дар миён аст.

Дафтари матбуоти ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 16-уми ноябр дар бораи ҳодиса изҳори бехабарӣ кард. Кӯшишҳои мо барои суҳбат бо Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров то ин замон бенатиҷа буд.

Як манбаъ дар Ситоди байниидоравии таъмини тартибот дар Бадахшон гуфтааст, “нофаҳмӣ миёни кормандони пулис ва Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров рӯзи якшанбе рух дод.”

Ба гуфтаи манбаъ, ки нахостааст номаш гуфта шавад, “дар рӯзи ҳодиса барои таъмир кӯчаи марказии шаҳри Хоруғ баста буд, вале Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров аз маҳаллаи УПД гузаштааст.”

“Нозирони БДА аз вилояти Хатлон оварда шуда буданд. Онҳо Маҳмадбоқирро намешиносанд. Хулоса, кормандони БДА, Маҳмадбоқирро дастгир мекунанд ва ӯ ба як гуруҳ занг мезанад. Ин гуруҳ бо кормандони БДА занозанӣ мекунанд ва як нафараш бо табар ба қафаси синаи як корманди милиса задааст”, — нақл кардааст ӯ.

Русия Диловар Ҷӯраевро озод кардааст

Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар сомонаи худ иттилоъ дод, ки Русия Диловар Ҷӯраевро озод кардааст. Ӯ бо дархости мақомоти Қирғизистон 8-уми ноябр дар шаҳри Новосибиркси Русия боздошт шуда буд. Қирғизистон ин Ҷӯраевро ба “авбошӣ” ва “барангехтани низои миллӣ” муттаҳам кардааст. .

“Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷураев Диловар Бобомахкамович, 23.05.1969 соли таваллудаш, ки 8 ноябри соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия бо дархости истирдодии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон барои гӯё ташкил намудани бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар ҳудуди наздисарҳадӣ ва делимитатсия ношудаи байни ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Боткани Ҷумҳурии Қирғизистон дастгир шуда буд, бо дархости Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳабс озод карда шуд”, – омадааст дар хабари додситонӣ.

Ҳамчунин Прокуратураи генералии Тоҷикистон барои ҳамкории судманд дар раҳо кардани Диловар Ҷӯраев аз раҳбарияти Додситонии куллии Федератсияи Русия  миннатдорӣ кардааст.

“Барқи Тоҷик”: Таъмир дар Нораку Сарбанд идома дорад

Дар ҳоле ки мардум дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон аз камбуди барқ шикоят доранд, ширкати “Барқи Тоҷик” иддао дорад, чунин ҳолат бинобар гузарондани “таъмир ва назорат” дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва зеристгоҳҳо пеш омадааст.

Аз ду моҳ ба ин тараф сокинони Тоҷикистон бо маҳдудият барқ мегиранд ва ин ҳолат зиндагии онҳоро дар ин рӯзҳои сард душвортар кардааст.

Ширкати “Барқи Тоҷик” рӯзи 15-уми ноябр дар посух ба як номаи Радиои Озодӣ сабаби маҳдудияти барқарасониро шарҳ дод. Сухангӯи ширкат гуфтааст, ҳар сол дар оғози зимистон таъмир гузаронида мешавад ва бинобар ҳамин, дар баъзе қитъа ва ноҳияҳо дар соатҳои муайян интиқоли барқ қатъ мешавад.

“Барқи Тоҷик” аз ҷумла мегӯяд, дар нерӯгоҳҳои Норак, Сарбанд, Қайроқум, зеристгоҳҳо ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ таъмир идома дорад.

Дар Тоҷикистон қурби рубли русӣ поин ва арзиши доллари амрикоӣ боло рафт

Қурби рубли русӣ баъди ду ҳафтаи болоравӣ, дубора паст шуд. Ҳоло бонкҳои Тоҷикистон 1000 рубли русиро ба 155 сомону 50 дирам иваз мекунанд. Дар охири моҳи октябр 1000 рубли русӣ ба 160 сомонӣ мубодила мешуд.

Мавзӯи пасту баланд шудани қурби рубл барои бештари оилаҳо дар Тоҷикистон муҳим аст. Наздиконаш аз Русия рубл мефиристанд ва бонкҳои Тоҷикистон ба онҳо сомонӣ медиҳанд. Қурби рубли русӣ дар ҳоле поин омад, ки арзиши доллар рӯ ба болост.

Бонкҳои Тоҷикистон ҳоло 100 долларро ба 1129 сомону 80 дирам иваз мекунанд.

Cафорат: байни фавтидагон дар сӯхтори Солнечногорск тоҷикистониён нестанд

Дар байни ҳалокшудагон аз сӯхтор дар ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскав рӯзи 13 ноябр шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд, хабар медиҳад сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Гуфта мешавад, ин маълумотро сафорат аз Кумитаи тафтишоти Русия дарёфт намудааст.

Ба иттилои намояндагии дипломатӣ, 2 нафари ҳалокшуда ва 4 каси осебдида аз ин сӯхтор шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд.

Қаблан як қатор ВАО-и Русия хабар доданд, ки 13 ноябр дар макони зисти коргарони як иншооти сохтмон дар Солнечногорск сӯхтор сар зада, 4 коргари хориҷӣ ҳалок ва 2 нафар осеб дидаанд, ки эҳтимол шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Сообщение Дар Хоруғ миёни пулис ва одамони Маҳмадбоқиров занозанӣ шудааст появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.