Дар Хуҷанд духтареро аз хукушӣ наҷот доданд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар бораи ҷилавгирӣ аз худкушии як ноболиғ дар шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад. Ба қавли манбаъ , духтари 15-сола бо ҳадафи худкушӣ дирӯз  худро ба дарёи Сир афкандааст.  Наҷотдиҳандагон тавонистанд  ноболиғро аз дарё берун  оранд ва то расидани мошини ёрии таъҷилӣ  кӯмаки аввалияи тиббӣ расонанд. Ба сабаби сардии оби дарё наҷотёфта ба ёрии амалии тиббӣ ниёз дошт. Аз ин рӯ, ӯро ба бемористон интиқол доданд. Кумита мегӯяд, сабаби қасд ба ҷони худ  намудани ин наврас маълум нест. Тафтишот дар ин  замина идома дорад. Зимнан, тӯли ҳафтаҳои ахир ин бори чандум аст, ки шоҳидон ва ё имдодгарон дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон духтаронеро, ки бо ҳадафи худкушӣ худро ба дарё мепартоянд, наҷот медиҳанд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.