Дар ИМА қазияҳои ғафсшавии хун ва таъсири эҳтимолии воксинаи Johnson & Johnson-ро месанҷанд

Маркази назорат ва пешгирӣ аз бемориҳо дар ИМА дар як ҷаласае рӯзи 14-уми апрел қазияҳои лахта ваё ғафсшавии хун дар нафаронеро мавриди муҳокима қарор медиҳад, ки барои пешгирӣ аз олудашавӣ ба COVID-19 воксинаи ширкати Johnson & Johnson-ро қабул кардаанд. Ин муҳокима дар ҳоле барпо мешавад, ки Маъмурияти ғизо ва дорувори ИМА рӯзи 13-уми апрел машварат дод, ки истифодаи воксинаи мазкур муваққатан боздошта шавад. Дар муҳокимаҳо қарор аст шаш қазияи марбут ба занони 18 то 48-сола баррасӣ шавад, ки баъди гирифтани воксина дар ҷисмашон муддати шаш то 13 рӯз ғафсшавии хун мушоҳида шуд. Дар тақиқи коршиносон дида мешавад, ки то куҷо маҳз воксинаи Johnson & Johnson сабабгори ин ҳолат шудааст ё на. Як зан даргузашт ва дигаре ҳоло дар ҳолати сангин қарор дорад, мегӯянд  мақомот. Онҳо изҳори умедворӣ карданд, ки дар чанд рӯз ба ин масъала рӯшанӣ меандозанд. Боздошта шудани истифодаи воксинаи Johnson & Johnson, ки ба фарқ аз дигар воксинаҳо танҳо аз як  воя ё доза иборат аст, ба суръати эмкунии мардум дар ИМА таъсиррасон шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.