Дар ИМА ҷашни озодии сиёҳпӯстон аз ғуломӣ таҷлил мешавад

Рӯзи 19 июн дар ИМА 155-умин солгарди хатми аҳди ғуломдорӣ таҷлил мешавад. Ҷашни “Ҷунтин” ғайрирасмӣ  аст ва дар пасманзари кушторҳои ахири амрикоиҳои африқоитабор аз дасти полис дар чанд ҳафтаи гузашта ин ҷашни бештар расмӣ дубора аҳамият пайдо мекунад. Соли 1865 як генерал ба намояндагӣ аз ҳукумати Абраҳам Линколн ба Техас рафта ба гурӯҳи ғуломони афроқоитабори амрикоӣ эълон кард, ки онҳо озод ҳастанд.  Дар Техас соли 1980 ин ҷашн, ки инчунин бо номи Рӯзи раҳоӣ ҳам маъруф аст, рӯзи истироҳати расмӣ эълон шудааст.  Ин ҷашнро дар 46 аёлат таҷлил мекунанд, вале шеваи ҷашнгириаш фарқ мекунад. Дар бархе аёлат таҷлили ҷашн бо сабаби пандемия бекор шуда, бархе дигар конфронсу ҷаласаҳои онлайнӣ баргузор мекунанд. 

Ҷашни озодии ғуломон соли ҷорӣ як моҳ баъди куштори Ҷорҷ Флойд – амрикоии африқоитабор мусодиф омад, ки зери зонуи полиси сафедпӯсти Миннеаполис аз нафаскашӣ монд. Ин ҳодиса дар саросари ИМА эътирозҳои зидди нажодпарастӣ ва ваҳшонияти полисро ба бор овард. 

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.