Дар ИМА беш аз нисфи калонсолон пурра зидди COVID-19 эм шудаанд

Дар ИМА нисфи калонсолон аз COVID-19 пурра эм карда шудаанд ва дар ин кишвар омори сироятшавиҳову марг бар асари коронавирус коҳиш меёбад. Президент Ҷо Байден ваъда додааст, ки то  4-уми июл 70 дарсади аҳолии Амрико ҳадди аққал бо як воя ё доза эм карда мешаванд. Омори феълӣ мегӯяд, ки 62 дарсади аҳолии Амрико бо воксина эм карда шудаанд.

Ин омор дар ҳолест, ки рӯзи 25-уми май ширкати Moderna эълон кард, ки таҳқиқи онҳо муассир будани воксинаро ба кӯдакони аз 12-сола боло собит кард. Натиҷаҳои таҳқиқоти Moderna моҳи июн нашр мешавад. Қаблан мақомот дар ИМА ва Канада истифодаи воксинаи ширкатҳои Pfizer ва BioNTech-ро барои наврасони аз 12-сола боло иҷоза доданд. Дар Аврупо чунин тасмим ҳафтаҳои наздик қабул хоҳад шуд.

Бо афзоиши эмкунӣ дар Аврупо ва бо вуҷуди боз шудани бисёр макону муассисаҳои ҷамъиятӣ дар саросари ин қора омори олудашавиҳову марг бар асари COVID-19 рӯ ба поин овардааст.

Дар Аврупо интизор меравад, ки то охири моҳи сентябр беш аз як миллиард дона воксинаи зидди  COVID-19 дастрас шавад. Ин омор бештар аз тақозои ҳадди аққал ба воксинаҳо мебошад.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.