Дар ИМА муқаррароти ниқобпӯшӣ сабуктар шуд

Маркази назорат ва пешгирӣ аз бемориҳои ИМА дастури наве содир кард, ки бар асоси он аз 27-уми апрел дар ин кишвар муқаррароти доштани ниқоби тиббӣ сабуктар мешавад. Президент Ҷо Байден гуфт, ки эмкунии сокинон бар зидди COVID-19 натиҷа медиҳад ва барои бозгашт ба ҳаёти оддӣ мусоидат мекунад. Бар асоси муқаррароти нав, дар кӯчаҳо бо ниқоб гаштан дигар ҳатмӣ нест, магар ин ки шаҳрвандон дар издиҳоми калони мардум бошанд. Ба иттилои Маркази пешгирӣ аз бемориҳои Амрико, нафарони эмнашуда дар бархе ҳолатҳо ҳақ доранд, ки бидуни ниқоби тиббӣ бигарданд. Дар ИМА омори олудашавиҳои нав ба коронавирус коҳиш меёбад ва беш аз нисфи калонсолони сокини ин кишвар дастикам як воя ё дозаи воксинаро қабул кардаанд. Дар ИМА коронавирус то имрӯз ҷони 570 ҳазор нафарро гирифтааст. Байден дар изҳороти ахираш бори дигар аз сокинон даъват кард, ки ҳатман эм карда шаванд.

Байден инчунин гуфт, ки ИМА роҳҳои ба Ҳинд фиристодани воксинаро баррасӣ дорад. Дар ин кишвар шумори қурбониҳои коронавирус аз 200 ҳазор нафар гузаштааст. Ҳинд бо 1,4 миллиард аҳолиаш аз назари омори талафот бар асари COVID-19 баъди ИМА, Бразилия ва Мексика дар ҷаҳон дар ҷои чорум қарор дорад.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.