Дар интихоботи порлумонии Қирғизистон 15 ҳизб иштирок мекунад

Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон раванди сабти номи номзадҳо ба мақоми вакилии порлумони ин кишварро дар интихоботи пешорӯ ба поён расонд.

Барои курсиҳои порлумони Қирғизистон 15 ҳизб, аз ҷумла “Ота Макон”, “Ҳизби иштирокчиёни ҷанг дар Афғонистон ва низоъҳои мусаллаҳонаи дигари маҳаллӣ”, “Бир Бол”, “Замондош”, “Мекен Интимагӣ”, “Мекенчил”, “Ийман Нуру”, “Чон Казат”, “Республика”, “Ислоҳот”, “Ордо”, “Ватанам Қирғизистон”, “Сотсиал-демократ”, “Биримдик” ва “Қирғизистон” вориди рақобат мешаванд.

Аъзои комиссия дар ҷаласаи 3 сентябр аз сабти номи номзадҳои ду ҳизб — “Актив” ва “Бутун Қирғизистон” худдорӣ карданд.

Дар Қирғизистон 4 сентябр таблиғоти пешазинтихоботӣ оғоз мешавад ва интихобот ба рӯзи 4 октябр гузошта шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.