Дар интихоботи шаҳри Мостари Босния ҳизбҳои қавмгаро дастболо мешаванд

Дар  интихоботи маҳаллии шаҳри аз назари қавмӣ ҷудошудаи Мостари Босния, аввалин бор дар 12 соли охир  ҳизбҳои миллатгарои босниягиву хорватӣ дастболо мешаванд. Интихобот 20 декабр баргузор шуд ва натиҷаҳои пешакии овоздиҳӣ тоза ба даст мерасад. Ҳизбҳои дигари хурдтар, аз ҷумла, ҳизби бисёрмиллатаи BH Block ҳам дар шӯрои шаҳрии иборат аз 35 курсӣ дастболо шуданд ва зоҳиран ҳамин ҳизбҳо шаҳрдори навро интихоб мекунанд. Дар овоздиҳӣ, ки таҳти чораҳои беҳдоштии давраи пандемияи коронавирус баргузор шуд, 55 дарсади шаҳрвандони қобили раъй иштирок карданд. Шаҳри Мостар бо меъмории аҳди туркони Усмонӣ ва як пули боҳашаматаш аз рӯи дарёи Неретва маъруф аст. Аҳолии он 100 ҳазор нафар буда, нисфи аҳолиаш асосан хорватҳои босниягии католик ва нисфи дигараш босниягиҳои мусалмон мебошанд. Дар ин шаҳр аз соли 2008 ба ин сӯ интихобот баргузор нашудааст, чун баҳси атрофи қабул нашудани конститутсия ва зарурати ислоҳот тӯлонӣ идома дошт. Дар шароити баргузор нашудани интихобот, ҳизбҳои қавмгарои Ҳизби босниягии “Амали демократӣ” ва Иттиҳоди демократии Хорватия дар ин шаҳр ҳар як қисме аз идораҳои маъмуриро раҳбарӣ мекардад. Интихобот баъди он баргузор шуд, ки ду ҷониб дар масъалаи мақоми шаҳр ба иттифоқи назар даст ёфтанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.