Дар Кӯлоб ва Бохтар низоми пешпардохти супоридани пули барқ ҷорӣ мешавад

Дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон низоми биллингӣ ё пешпардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ карда мешавад.  Дар ин бора рӯзи 9-уми июн порлумони Тоҷикистон қарор қабул кард.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар назди вакилон гуфт, ҷорӣ шудани низоми биллингӣ дар доираи тарҳи “Кам намудани талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон”, амалӣ мешавад. 

Ба гуфтаи вазир, ин тарҳ бо харҷи 35 миллион доллар амалӣ шуда, 15 миллиони он гранти Иттиҳоди Аврупо ва 20 миллиони дигар қарзи Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд аст.  Лоиҳа соли 2021 оғоз шуда, то соли 2025 идома меёбад. 

Мақомот гуфтанд, ба ҷуз аз ҷорӣ шудани низоми биллинги ё пешпардохти ҳаққи истифодаи барқ дар Кӯлоб ва Бохтар, ҳамчунин сохтмони зеристгоҳҳо ва иваз кардани хатҳои интиқоли барқ дар назар аст. 

Ҳанӯз маълум нест, кадом ширкатҳо масъули ҷорӣ кардани низоми биллингии пардохти ҳаққи барқ дар Кӯлоб ва Бохтар мешаванд.

Соли 2013 ширкати “Барқи тоҷик” дар чанд шаҳру ноҳияи кишвар барои санҷиш низоми биллингро ҷорӣ кард ва онро як усули халосӣ аз гум шудани пулҳои истифодаи нерӯи барқ ва беҳбуди вазъи соҳа номид. Ҳозир чунин низом дар шаҳри Хуҷанд ва таҷрибавӣ дар Кӯлобу баъзе аз маҳаллаҳои ноҳияи Рӯдакӣ амал мекунад.

Муштариёни низоми пардохти биллингӣ дар Хуҷанд беш аз 62 ҳазор, дар Рӯдакӣ 10 ҳазор ва дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 8 ҳазорро ташкил медиҳад.

Ҳарчанд мақомот аз ҳосили кори низоми биллингӣ тавсиф мекунанд, баъзе аз сокинон бараъкс мегӯянд, низоми нави хариди нерӯи барқ барои онҳо мушкилзост.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.