Дар Кобул барои мубориза бо “террористону дуздон” дурбин мегузоранд

Амрулло Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки ҳукумат қасд дорад, дар саросари Кобул камераҳои пешрафтае насб кунад, то аз ин роҳ бо “террористону дуздон” беҳтар мубориза баранд. Тарҳи насби камераҳо бештар аз 100 миллион доллар аст ва онро дафтари НАТО дар Афғонистон мепардозад.

Амрулло Солеҳ дар ин бора рӯзи 6-уми январ дар Фейсбук хабар дод ва гуфт, ки дастгоҳҳои нав кори камераҳоеро, ки соли 2008 дар пойтахти Афғонистон насб шуданд, фавқуллода беҳтар мекунад. Дафтари НАТО дар Афғонистон ҳоло ин хабарро шарҳ надодаанд.

Эълони Амрулло Солеҳ дар замонест, ки бомгузориву ҳамлаву хунрезӣ дар шаҳри Кобул ва дигар гӯшаҳои Афғонистон афзуда, хатари аз роҳ хориҷ шудани музокирот барои хотима додан ба ҷанг дар кишварро зиёд кардааст. Қарор аст, ҳамин ҳафта ҳукумати Афғонистон ва Толибон музокирот барои сулҳро дар Қатар аз сар бигиранд. Музокироти байнулафғонӣ моҳи сентябр оғоз ёфт, вале тарафҳо то кунун ба пешрафти чашмгире ноил нашудаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.