Дар Косово Вйоса Усмонии 38-сола президент шуд 

Парлумони Косово Вйоса Усмонии 38-сола, як бонуи сиёсатмадорро, ки аз ҳизби ҳокими “Ветевендосйе” (ҳуввиятшиносӣ) намояндагӣ мекунад, президенти ин кишвар интихоб кард. Барои Усмонӣ аз миёни 82 вакил 71 нафар овоз доданд. Усмонӣ, ки бо ислоҳотхоҳиаш маъруф аст, яке аз сиёсатмадорони шинохташуда дар ин кишвар мебошад. Худи ӯ баъди овоздиҳии 4-уми апрел дар баробари парлумон гуфт: “Имрӯз Косово бори дигар як занро ба мақоми президентӣ интихоб кард”. Ӯ афзуд: “Ҳамаи духтароне, ки шояд ҳамин ҳоло моро тамошо мекунанд, бояд як чизро бидонанд, ки  духтарҳо ҳамеша дар ҷое, ки дилашон мехоҳад, ҷой меёбанд, ҳар орзуе, ки доранд ва ҳар талоше, ки ба харҷ медиҳанд (натиҷа медиҳад). Ҳама чиз имконпазир аст ва орзуҳо ҷомаи амал мепӯшанд”. Муддате баъди овоздиҳӣ сафири ИМА дар Косово Филипп Коснетт тавассути Твиттер табрикоти худро ирсол кард. Ӯ навишт: “ИМА барои ҳамкориҳои наздик бо Ҷумҳурии Косово ба хотири бунёди  сулҳ, адолат ва шукуфоии ҳамаи шаҳрвандон ӯҳдадор мемонад”.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.