Дар Лаҳистон мухолифини зидди исқоти ҳамл роҳҳоро мебанданд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Дар Лаҳистон рӯзи панҷум аст, ки алайҳи шадидтар шудани қонунгузории исқоти ҳамл тазоҳурот идома дорад. Имрӯз коршикании сартосарии занон дар назар аст. 
  • Бар асоси  гуфтаи созмондиҳандагони ин иқдом  аз ҷумлаи мудофеъони ҳуқуқи зан 26 октябр гирдиҳамоиҳо беш аз 150 шаҳрро фаро гирифтанд.
  •  Дар Варшава тазоҳуркунандагон якчанд чорроҳаҳои серодамро баста, либосҳои болоии худро дар оварда, дар даст шиорҳое доштанд, ки бо навиштаҷоти  қабеҳ истеъфои ҳукуматро тақозо мекарданд.
  • Пулис бо душворӣ барои пешгирӣ аз бархӯрди ин  гурӯҳ бо гуруҳҳои ҷонибдор аз гози ашковар истифода кард. Дар Краков ин тазоҳурот таҳти шиори “Ин ҷанг аст” доир гардид.

  • Мушоҳида мешавад, ки  даҳҳо ҳазор нафар мардум бо мошин, дучарха ва пиёда ҳаракатро дар  роҳҳо мебанданд. Гоҳе ҳам гуруҳҳои онҳо аз 50-70 нафар зиёд нестанд, аммо дар гузаргоҳҳо ранги чароғҳои роҳнаморо ба инобат нагирифта, аз ин сӯй ба он сӯи роҳ садҳо маротиба мегузаранд.
  • Дар айни замон, тасмими мақомоти Лаҳистон дар бораи чунин иқдоми баҳсбарангез дар шароити пандемия, вақте, ки баргузории чорабиниҳои оммавӣ хатарноканд, интиқоди бештареро ба бор овард. Профессорони Донишгоҳи Краков дар баёнияи худ ин тасмимро ” далели эҳсоси бемасъулиятии мақомот дар баробари ҳаёти одамон” донистанд.
  • 22 октябри соли равон Додгоҳи конститутсионии Лаҳистон қонуни ғайриконститутсионӣ қабул кард, ки дар ҳолатҳои маъюбии ҷиддии ҷанин ва ё мулиҷанашаванда будани беморӣ ба исқоти ҳамл иҷозат медиҳад. Ҳукми Додгоҳи худи ҳамон рӯз бо аввалин эътирозҳо мувоҷеҳ гардид ва тақрибан ҳазор нафарро ба кӯчаҳои Варшава баровард.
  • ” Қарори Додгоҳи конститутсионӣ маънои комилан манъ намудани исқоти ҳамларо дорад, зеро 98% исқоти ҳамли қонунӣ дар Лаҳистон аз сабаби норасоии ҷанин сурат мегиранд”- гуфт Сарвари созмони ғайридавлатии Федератсиюни занон ва ба нақшагирии оила” – и Лаҳистон Кристина Капзпура.
  • Қарори Додгоҳи конститутсиониро раисҷумҳури Лаҳистон Анджей Дуда ва Иерархи олии Калисои Лаҳистон истиқбол карданд. Мушкили аслӣ дар ин қазия он аст, ки дар Лаҳистон меконизми бекор кардани қарори Додгоҳи конститутсчсионӣ вуҷуд надорад.
  • Бояд гуфт, ки Қонуни сақти ҳамл дар Лаҳистон яке аз сахтгиронатарин қонун аст: қатъи ҳомиладорӣ фақат дар чанд ҳолат маҷоз аст, агар ба зиндагии зан хатар эҷод кунад, ё агар бордоршавӣ натиҷаи таҷовуз ё алоқаи ҷинсии хешутаборон бошад, вале бо далоили тиббии дигар қатъ кардани ҳомиладориро қатъан манъ мекунад.
  • Мавриди зикр аст, ки дар Лаҳистон беш аз 2  ҳазор тоҷикон кору зиндагӣ мекунанд, ки иҷрои ин қонун барои онҳо низ ҳатмӣ мебошад.

The post Дар Лаҳистон мухолифини зидди исқоти ҳамл роҳҳоро мебанданд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.