Дар Лахш ҷамъоварии картошка оғоз гардид

ЛАХШ, 03.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Лахш  то имрӯз зиёда аз 80 гектар картошказорро пурра ҷамъоварӣ намуда, аз ҳар гектар кишти картошкаи маҳаллӣ ба ҳисоби миёна то 250 сентнер ҳосил рӯёнда истодаанд.

Мудири шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш Нусратулло Латипов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, ки   “имсол картошкапарварони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои кишоварзӣ дар майдони 5691 гектар картошка кишт намуданд. Ҳоло деҳқонон ҷаҳду талош доранд, ки ҳосилро беталаф ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоранд”.

Дар ноҳияи Лахш  аввалин шуда,  деҳқонони Ҷамоати шаҳраки Ваҳдат ва  Ҷамоати деҳоти Ҷиргатол ба ҷамъоварии картошка шурӯъ карданд. Дар мавзеъҳои дашти Ҷиргатол ва Янгиёр ҳосилнокии картошка нисбат ба соли гузашта зиёдтар буда, бо мусоид омадани боду ҳаво ҳосили фаровон рӯёнида мешавад.

Тибқи иттилои Нусратулло Латипов, имсол  дар ноҳияии Лахш  майдони кишти картошка нисбат ба соли гузашта 992 гектар зиёд мебошад. Имрӯзҳо барои сари вақт ҷамъоварӣ кардани ҳосили картошка ситоди ноҳиявӣ таъсис ёфта, техникаҳои кишоварзӣ дар мавзеъҳо вобаста шудаанд, то деҳқонон ҳосили картошкаро сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намоянд.
Кишоварзони ноҳияи Лахш дар парваришу истеҳсоли картошка  таҷрибаи ғанӣ доранд.

Ҳамасола деҳқонони ин минтақа бо тавсияи олимон аз роҳу усулҳои муосир ва навъҳои нави тухмии ба шароити мавзеъҳои баландкӯҳ мусоид истифода менамоянд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.