Дар Лондон ҳукми поягузори Викиликс содир шуд (навшуда)

Интизор меравад, рӯзи 4-уми январ додгоҳе дар Лондон ҳукми поягузори шабакаи Викиликс Ҷулиан Ассанжро содир кунад. Дар сурати пуштибонии додгоҳ аз истирдоди ӯ ба Амрико, Ассанж барои нашри санадҳои махфии низомии Иёлоти Муттаҳида ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Бар асоси ҳукми додгоҳ, вазири корҳои дохилии Бритониё қарори истирдод ё худдорӣ аз интиқоли Ассанжро ба Амрико қабул хоҳад кард. Тахмин меравад, ҳукми имрӯза бо талаби бозбинӣ рӯ ба рӯ мешавад.

Додситонҳои Амрико дар соли 2010 Ассанжро ба ҷосусӣ ва суистифода аз компютерҳо муттаҳам карданд.

Ассанжи 49-сола дар соли 2012 аз тарафи Эквадор ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ эътироф шуда, дар сафорати ин кишвар дар Лондон пинҳон буд. Моҳи апрели соли 2019 бо талаби Амрико аз сафорати Эквадор ихроҷ ва аз тарафи мақомоти Бритониё ба ҳабс гирифта шуд.

Вакилони Ассанж мегӯянд, айбномаи ӯ сиёсӣ буда, фишор болои озодии матбуот аст. Ба қавли онҳо, таъқиби Ассанж хабарнигорони саросари оламро бо таҳдид рӯ ба рӯ мекунад. Вакилони ҳукумати Амрико таъкид мекунанд, ки даъвоҳои ҳомиёни Ассанж қобили қабул нестанд.

Иттилоъи тоза аз EUCTJ: Ҳамин ҳоло “Мавҷи Олмон” аз додгоҳ иттилоъ пахш кард, ки Ҷулиан Асанж ба ИМА истирдод нахоҳад шуд.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.