Дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон бештар аз 100 мошини борбар банд мондааст

Дар гузаргоҳи марзии “Оқ-Тилек” дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон навбатпоии мошинҳои борбар мушоҳида мешавад. Субҳи 15 июл дар ин гузаргоҳ бештар аз 100 мошин ҷамъ шудааст. Дар ин бора аз Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар доданд.

Дар Хадамот гуфтанд, ҷамъшавии мошинҳо дар пайи фаро расидани мавсими ҳамлу нақл ба вуқуъ омадааст. Дар гузаргоҳҳои дигари марзӣ байни ду кишвар ҷамъшавии мошинҳо ба мушоҳида намерасад.

Дар марзи байни Қирғизистон бо Қазоқистон ҷамъшавии мошинҳо ба ҳукми одат даромадааст. Дар бархе ҳолатҳо бандмонии мошинҳо ба чанд километр мерасад. Дар солҳои гузашта тафтиши шадид дар марз боиси ҷамъ шудани мошинҳо гардида буд. Коршиносон аз ҷанги тиҷорӣ байни ду кишвар хабар медиҳанд. Баҳси Қирғизистон бо Қазоқистон то Созмони ҷаҳонии тиҷорат расида буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.