Дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон тирпарронӣ шудааст

Дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, воқеъ дар минтақаи Хоҷа Аълои ҷамоати Чоркӯҳ, нисфирӯзии 25-уми октябр садои тирпаронӣ шунида шудааст.

Сокинони деҳаи Хоҷа Аълои шаҳри Исфара ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо лулаи оби ошомиданиро, ки аз замони шӯравӣ истифода мешуд, дар мавзеи Мулломалик таъмир карданӣ буданд, вале марзбонони қирғиз ба ҳаво тир кушода, монеи корашон шудаанд.

Дар ҳукумати шаҳри Исфара ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомоти сарҳадбонии ду кишвар масъаларо баррасӣ доранд.

Дафтари матбуотии Кумитаи марзбонии Қирғизистон дар як изҳорот гуфтааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаи баҳсӣ лулаи об мекашиданд ва ба ҳушдорҳои марзбонон гуш надодаанд. Дар ин ҳолат, ба гуфтаи онҳо, марзбонони қирғиз ба ҳаво тири ҳушдордиҳанда холӣ кардаанд.

Мақомоти тоҷик ва қирғиз гуфтанд, ки корҳо дар ин минтақаи марзӣ қатъ шудааст ва ду ҷониб сари ин масъала гуфтугӯ доранд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба созиш расанд ва хатти марзро бикашанд.

Аз ин рӯ, зуд-зуд дар ин минтақаҳои баҳсӣ муноқиша сар мезананд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.